Муҳокимаи масъалаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Май 16, 2014 11:13

Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар, Бекназар Абубакр). – 15  май  дар  шаҳри  Душанбе  семинар  дар  мавзӯи «Шарикии  давлат  ва бахши  хусусӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  баргузор  гардид.
Семинар бо ибтикори   Кумитаи  давлатии   сармоягузорӣ ва  идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  дастгирии намояндагии  доимии  Бонки  рушди  Осиё  дар  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуд. 
Муовини раиси  Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва  идораи  амволи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Нигина Абдуллоева  зимни  суханрониаш   зикр  намуд, ки  ҳадафи  семинар  иборат  аз  афзун  намудани иқтидори  мақомоти давлатӣ дар  арсаи шарикии давлат  ва бахши  хусусӣ  мебошад. Мавсуф  иброз  дошт, ки Ҳукумати  ҶТ  ба  манзури  рушду  густариши  механизми  шарикии  давлат  ва бахши  хусусӣ корҳои  зиёдеро  анҷом додааст. Аз  ҷумла,  моҳи  декабри  соли 2012 Қонуни  ҶТ «Дар  бораи шарикии давлат  ва  бахши  хусусӣ» қабул  шуд. Барои таъмини  механизми татбиқи   ин  қонун  бо қарорҳои  Ҳукумати  кишвар аз  соли  2013 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи  амволи  давлатӣ ба  ҳайси  ваколатдори  давлатӣ  оид ба шарикии давлат  ва  бахши  хусусӣ  муайян  карда шуд. Ҳамчунин  Шӯрои  шарикии  давлат  ва  бахши  хусусӣ  ва  Муассисаи  давлатии «Маркази татбиқи  лоиҳаҳои   шарикии давлат  ва  бахши  хусусӣ» — и  назди  Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ  таъсис  ёфт.
Дар  ҷараёни  семинар ҳуҷҷатҳо  аз  рӯи   масоили мубрами  шарикии давлат ва  бахши  хусусӣ,  аз ҷумла асосҳои  ҳуқуқии  шарикии  давлат ва  бахши  хусусӣ  дар  Тоҷикистон,  нуктаҳои  асосии  Қонуни  ҶТ «Дар  бораи шарикии давлат  ва  бахши  хусусӣ»,  моҳияту  ҳадафҳои  шарикии давлат  ва бахши  хусусӣ, тартиби татбиқи шарикии  давлат  ва бахши  хусусӣ  ва  равандҳои тендер,  расмияти  интихоби  бахши  хусусӣ, таҳияи  созишнома ва  хусусиятҳои татбиқи  лоиҳаҳои  шарикии  давлат ва  бахши  хусусӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Иштирокдорони  семинар  ҷиҳатҳои  мусбати  механизми   шарикии  давлат  ва бахши  хусусӣ,  фоидаи  давлат,  бахши  хусусӣ  ва  аҳолӣ аз татбиқи  лоиҳаҳо  тавассути  шарикии  давлат  ва бахши  хусусӣ,  ваколатҳои  Шӯрои  оид ба   шарикии  ва бахши  хусусӣ,  мақомоти  ваколатдори  давлатӣ,  вазифаҳои  муассисаи  давлатии «Маркази  татбиқи  лоиҳаҳои   шарикии давлат ва бахши  хусусӣ»  вазифаҳои  ташкилоти  фармоишдиҳанда,  мақомоти  марказӣ  ё маҳаллии  ҳокимият  ва  ғайраро  низ баррасӣ  намуданд.

Май 16, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд