Муҳокимаи масъалаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар, Бекназар Абубакр). – 15 май дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Семинар бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳадафи семинар иборат аз афзун намудани иқтидори мақомоти давлатӣ дар арсаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад. Мавсуф иброз дошт, ки Ҳукумати ҶТ ба манзури рушду густариши механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2012 Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул шуд. Барои таъмини механизми татбиқи ин қонун бо қарорҳои Ҳукумати кишвар аз соли 2013 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳайси ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муайян карда шуд. Ҳамчунин Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» — и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъсис ёфт.
Дар ҷараёни семинар ҳуҷҷатҳо аз рӯи масоили мубрами шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла асосҳои ҳуқуқии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, нуктаҳои асосии Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», моҳияту ҳадафҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва равандҳои тендер, расмияти интихоби бахши хусусӣ, таҳияи созишнома ва хусусиятҳои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокдорони семинар ҷиҳатҳои мусбати механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, фоидаи давлат, бахши хусусӣ ва аҳолӣ аз татбиқи лоиҳаҳо тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ваколатҳои Шӯрои оид ба шарикии ва бахши хусусӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ, вазифаҳои муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» вазифаҳои ташкилоти фармоишдиҳанда, мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимият ва ғайраро низ баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






