Муаррифии вилояти Тамбов дар Душанбе

Май 13, 2014 15:07

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). – 13  ва  14  май Намояндагии  Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия  дар  Тоҷикистон  якҷоя бо  Маркази  илму  фарҳанги  Русия  дар  шаҳри  Душанбе,  ҳамчунин  намояндагони Раёсати  меҳнат ва  шуғли  аҳолии  вилояти  Тамбов  ва роҳбарони  маъмуриятҳои  ноҳияҳо  имконоти  иҷтимоию  иқтисодии  вилояти  Тамбови Федератсияи  Русия   барои  ҳамватанони  сокини Тоҷикистонро  муаррифӣ  мекунанд.  Дар  ин  бора  аз Намояндагии  Ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Хотирнишон  месозем, ки  вилояти  Тамбов ниҳоди  Федератсияи Русия  буда,  ба  ҳайати  Округи  марказии федералӣ  шомил  аст. Шаҳри  Тамбов  маркази  маъмурӣ  ба  шумор  меравад. Вилояти  Тамбов  27  сентябри  соли  1937  таъсис  ёфта, 22  июни  соли  1967  бо  ордени  Ленин  мукофотонида шуда буд. 
Вилояти  Тамбов  бо  вилоятҳои  Рязан,  Пенза,  Саратов, Воронеж ва  Липетск  ҳамсарҳад  аст.
Вилояти  Тамбов дар хамгашти  роҳҳои  нақлиётию  бандарӣ мавқеи  қулайи ҷуғрофӣ ва вазъияти  мусоиди экологиро  дошта, аз захираҳои  табиӣ ва  шароити  иқлими  минтақаи  миёнаи  Русия  бархӯрдор   аст, ки  ин  ба  рушди  фаъолияти  хоҷагии он  мусоидат  мекунад.

Май 13, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст