Мукофоти БТРА ба Г.Маҳкамова
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). – Муовини аввали директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» Гулбаҳор Маҳкамова мукофоти «Зан дар тиҷорат» — и Бонки таҷдид ва рушди Аврупоро ба даст овард.
Ин мукофот ба занони соҳибкори кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои дастовардҳои касбиашон дар рушди тиҷорат ва иқтисодиёт дода мешавад. Маросими супурдани мукофот 14 майи соли равон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дар ҳошияи ҷаласаи ҳарсолаи солонаи Шӯрои мудирон ва соҳибкорони Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо баргузор гардид. Гавҳар Маҳкамова барои саҳми назаррасаш ба рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкории занон ва густариши ҳуқуқҳо, имкониятҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа шоистаи ин мукофот гардидааст.
Хотирнишон месозем, ки Г. Маҳкамова дар Тоҷикистон дуввумин занест, ки ин муокофти олиро ба даст овардааст. Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» Санавбар Шарифова аввалин ҷоизи ин мукофот дар кишварамон гардида буд.
Дар ин бора аз «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






