Мулоқотҳои Э. Раҳмон бо Раиси ПСС ва роҳбарони бонкҳои соҳибнуфузи Баҳрайн
Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқот бо Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Мамлакати Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳо баррасӣ шуд.
Бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки рӯзи гузашта миёни соҳибкорону тоҷирони бонуфузи Тоҷикистону Баҳрайн тавофуқоти зиёди судманд доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамар ҳосил шуд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯст хеле зиёд аст ва ин имконот бояд васеъ истифода бурда шавад.
Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд иттилоъ дод, ки мехоҳад ба наздикӣ сафари як гурӯҳи калони соҳибкорони баҳрайниро ба Тоҷикистон ташкил кунад. Пешниҳоди ӯ аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки як анҷумани бузурги соҳибкорон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мулоқоти судбахши дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор бонкҳои бонуфузи Мамлакати Баҳрайн доир намуд.
Бонкдорони баҳрайнӣ изҳор доштанд, ки омодаанд ба бозори бонкдорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ворид шаванд. Ёдоварӣ карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои мамлакати Баҳрайн барои роҳандозӣ намудани усулҳои беҳтарини бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои муҳайё намудани беҳтарин шароит барои ҷалби васеи сармояи хориҷӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Корҳои зиёд дар ин самт анҷом ёфта, ислоҳоти соҳа боз ҳам идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






