Мулоқотҳои Э. Раҳмон бо Раиси ПСС ва роҳбарони бонкҳои соҳибнуфузи Баҳрайн

Май 29, 2014 13:17

Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқот бо Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Мамлакати Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар  ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳо баррасӣ шуд.
Бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки рӯзи гузашта миёни соҳибкорону тоҷирони бонуфузи Тоҷикистону Баҳрайн тавофуқоти зиёди судманд доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамар ҳосил шуд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯст хеле зиёд аст ва ин имконот бояд васеъ истифода бурда шавад.
Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд иттилоъ дод, ки мехоҳад ба наздикӣ сафари як гурӯҳи калони соҳибкорони баҳрайниро ба Тоҷикистон ташкил кунад. Пешниҳоди ӯ аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки як анҷумани бузурги соҳибкорон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мулоқоти судбахши дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор бонкҳои бонуфузи Мамлакати Баҳрайн доир намуд.
Бонкдорони баҳрайнӣ изҳор доштанд, ки омодаанд ба бозори бонкдорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ворид шаванд. Ёдоварӣ карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои мамлакати Баҳрайн барои роҳандозӣ намудани усулҳои беҳтарини бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки  Тоҷикистон  барои муҳайё намудани беҳтарин шароит барои ҷалби васеи сармояи хориҷӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Корҳои зиёд дар ин самт анҷом ёфта, ислоҳоти соҳа боз ҳам идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 29, 2014 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд