Мулоқот бо хатмкунандагон дар Суғд
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба наздикӣ дар қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ мулоқоти сардорони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Сарраёсати Агентии шуғли аҳолӣ бо хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои хусусию гимназияҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Дар мулоқот зиёда аз 600 нафар хатмкунанда иштирок намуд.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷавонон доир ба сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират, вазифаю ваколатҳои Раёсат, вазъи имрӯза ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва ҳамкории Раёсат бо дигар ташкилоту мақомот маълумоти муфассал дод.
Зимни саволу ҷавоб хатмкунандагон бештар ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи бо кор таъмин намудани онҳо дар хориҷа, аҳамияти суғуртакунонӣ, қоидаҳои будубош ва таҳсил дар давлатҳои дигар, муҳоҷирати бехатар ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ мароқ зоҳир намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






