Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Йохан Деннелинд

Май 22, 2014 13:52

Душанбе 22.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори кулли  ширкати «ТелиаСонера»  Йохан Деннелинд мулоқот кард. Дар вохўрӣ ҳолати кунунии фаъолияти ширкати «ТелиаСонера»  дар Тоҷикистон ва дурнамои  ҳамкориҳои ин ширкат бо сохторҳои бахши алоқаи Тоҷикистон баррасӣ шуд. 
Тавре ки таъкид гардид, ширкати «ТелиаСонера» дар зиёда  аз 16 давлати  ҷаҳон дар соҳаи алоқа ва хизматрасонии интернетӣ фаъолияти густурда дорад  ва  дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз муассисони асосии Ширкати мобилии «Тсел» ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот доир ба фароҳам овардани шароити зарурии алоқаи мобилӣ ва интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ дар ин соҳа, ба роҳ мондани  хизматрасониҳои мобилию  интернетӣ дар бахшҳои алоҳида, сармоягузорӣ  дар таъмини соҳа бо технологияи пешрафтаи ҳозиразамон  ва шарикӣ дар татбиқи консепсияи ташаккули  ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табодули афкор сурат гирифт.

Май 22, 2014 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд