Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Муаззам Мекан

Май 24, 2014 10:00

Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо мудири Шўрои инфрасохтори Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ Муаззам Мекан мулоқот кард.Зимни мулоқот маҷмўи масъалаҳои марбут ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо корпоратсияи мазкур ва ҳамкориҳои бисёрҷониба дар шарикӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан фароҳам овардани шароити мусоиди коркарди меваю сабзавот, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ дар ин соҳа зоҳир гардид.Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иштирок дар беҳтаргардонии вазъи молиявию техникии ширкати саҳомию холдингии «Барқи тоҷик» ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетика табодули афкор карданд.

Май 24, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад