Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ню Дун

Май 14, 2014 14:56

Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии мардумии Чин Ню Дун мулоқот кард.Қоҳир Расулзода дар мулоқот омодагӣ ва ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои рушди муносибатҳо бо кишвари ҳамсоя дар ҳама соҳаҳо, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ махсус таъкид намуда, изҳор дошт: «Мо омодаем, ки дар баробари дигар соҳаҳои афзалиятнок барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии мардумии Чин барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ ҳамкорӣ намоем».Ҷонибҳо дар мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои алоҳидаи кишоварзӣ, ба монанди растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва шоликорӣ бо роҳу усулҳои нав ва ҷалби технологияи ҳозиразамон махсус таъкид намуда, барои беҳдошти шароит ва рушди саноати кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи назари хешро баён доштанд. Дар робита ба ин таъкид шуд, ки бо роҳи ҳамкориҳои судманди дуҷониба фароҳам овардани шароити созгори парвариш ва коркарди доимии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи мақсадноки заминҳо, ташкили нуқтаҳои нигоҳдории маҳсулот дар ҳама фаслҳои сол, таъмини техника ва таҷҳизоти ҳозиразамони соҳавӣ, ташкили бозомўзӣ ва тарбияи мутахассиони соҳаи кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб манфиатовар хоҳад буд.

Май 14, 2014 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст