Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Виктор Иванов

Май 27, 2014 16:56

Душанбе 27.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  бо директори Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов мулоқот кард.
Дар мулоқот доир ба ҷараёни ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғариқонунии маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои муташаккиле, ки ба ҷомеа ва саломатии инсон хатар доранд,  табодули афкор сурат гирифт.
Тавре ки таъкид карда шуд, дар давоми солҳои охир  нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва  ошкор кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор беҳтар гардида, ҳамкориҳои сохторҳои марбутаи  мамлакат бо Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои минтақа дар ин самт хуб  ба роҳ монда шудаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамзамон масоили вобаста ба татбиқи  Созишномаи байни  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия   оид ба расонидани кумак дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
 
 

Май 27, 2014 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст