Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Виктор Иванов
Душанбе 27.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов мулоқот кард.
Дар мулоқот доир ба ҷараёни ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғариқонунии маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои муташаккиле, ки ба ҷомеа ва саломатии инсон хатар доранд, табодули афкор сурат гирифт.
Тавре ки таъкид карда шуд, дар давоми солҳои охир нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор беҳтар гардида, ҳамкориҳои сохторҳои марбутаи мамлакат бо Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои минтақа дар ин самт хуб ба роҳ монда шудаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамзамон масоили вобаста ба татбиқи Созишномаи байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия оид ба расонидани кумак дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






