Мулоқоти Қ. Расулзода бо ҳамтоёнаш дар Минск

Май 31, 2014 11:18

Душанбе, 31.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 30 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳои узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск доир гардид, иштирок намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳои узви кишварҳои ИДМ 20 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматии давлатҳои узви ИДМ дар бахшҳои иқтисоду молия ва фарҳангию гуманитарӣ матраҳ гардиданд.   Инчунин дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Михаил Мясникович мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Беларусро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноат ва ҳамзамон таъмини иҷрои тавофуқҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ҳосилшуда матраҳ гардиданд. Ҳамзамон таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистону Қирғизистон дар меҳвари мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоонмарт Оторбоев қарор дошт. Мусоҳибон доир ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳкими равобити ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар табодули назар карданд.  Инчунин ҷонибҳо дар мулоқот таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро махсусан таъкид намуданд.

Май 31, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?