Мулоқоти Қ. Расулзода бо ҳамтоёнаш дар Минск
Душанбе, 31.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 30 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳои узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск доир гардид, иштирок намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳои узви кишварҳои ИДМ 20 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматии давлатҳои узви ИДМ дар бахшҳои иқтисоду молия ва фарҳангию гуманитарӣ матраҳ гардиданд. Инчунин дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Михаил Мясникович мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Беларусро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноат ва ҳамзамон таъмини иҷрои тавофуқҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ҳосилшуда матраҳ гардиданд. Ҳамзамон таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистону Қирғизистон дар меҳвари мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоонмарт Оторбоев қарор дошт. Мусоҳибон доир ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳкими равобити ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар табодули назар карданд. Инчунин ҷонибҳо дар мулоқот таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро махсусан таъкид намуданд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






