Мулоқоти Э. Раҳмон бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Чин
Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти тараққикардаи Чин баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла ба масъалаҳои вобаста ба бунёди зербинои сайёҳӣ зоҳир шуд. Зикр гардид, ки ин минтақаи Чин дар бунёди шароити зарурӣ барои ҷалб ва қабули сайёҳони сершумор таҷрибаи зиёд дорад.Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми гардиши солонаи мол миёни Тоҷикистону Чин аз сифр то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расид. Он ки ҳоло беш аз 2 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсили илм мекунанд, нишонаи таваҷҷуҳи хос ба густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо ин ҳамсояи бузург номида шуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






