Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо зарардидагони деҳоти Зайнабободи Рӯдакӣ
Душанбе, 16.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳияи Рўдакӣ бо вазъи муассисаҳои соҳаи маориф ва ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» ва ҳамчунин аз деҳаи “Комсомол”-и ҷамоати деҳоти Зайнабобод дидан ва бо сокинони бар асари обхезӣ зарардидаи ин деҳа вохўрӣ кард.
Марҳабо Ҷабборӣ, аз ҷумла дар ноҳия бо фаъолияти касбомўзони зардўзӣ, гулдўзӣ ва касбҳои мардумӣ дар ҷамоатҳои деҳоти “Россия”, “Чоргултеппа”, мактаб-парваришгоҳи солимгардонии ба номи Бобоҷон Ғафуров, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ношунаво аз наздик шинос шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангии ноҳия бо намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, занон ва иттиҳодияҳои динӣ машварати корӣ баргузор намуда, ҷиҳати иҷрои софдилонаи вазифаҳои бар дӯшашон гузошта ёдовар гардид ва даъват ба он намуд, ки ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ин деҳаҳо ёрии беғаразонаи худро расонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






