Мулоқоти Ш. Раҳимзода бо М.Коргар
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии вазири тиҷорат ва саноати ҶИА Муҳаммад Шокир Коргар , ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оварда аст, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва тавсеаи нуқтаҳои савдои сарҳадӣ, рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ мавзуъҳои калидии ин гуфтушунид буданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои дар кӯтоҳтарин фурсат таҳия ва амалӣ намудани созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон , Афғонистон ва Покистон иброз намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






