Мулоқоти Ш.Саид бо П.Вергано
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — 14 май раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовири Маркази байналмилалии тиҷорат аз рӯи масоили Созмони умумиҷаҳонии савдо Паоло Вергано мулоқот намуд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Мавзӯи мулоқот иборат аз масъалаи вориди бозори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гардидани амволи рақобатпазири корхонаҳои Тоҷикистон буд.
«Палатаи мо барои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ҳамеша кӯшиш намуда, ҳайатҳои соҳибкоронро ба ҷумҳурӣ даъват менамояд, ҳайатҳои худро ба хориҷа мефиристад, созишномаҳои ҳамкориро имзо менамояд, ба доир намудани намоишгоҳу ярмаркаҳо ва анҷуманҳои аҳли тиҷорат мусоидат мекунад», — гуфт Шариф Саид.
«Низоми умумиҷаҳонии имтиёзҳо ҳолати таъсирбахши Созмони умумиҷаҳонии савдо маҳсуб ёфта, ба кишварҳои тараққиёбанда кӯмак мекунад, ки худро дар байни кишварҳои мутараққӣ бароҳат ҳис кунанд», — зикр намуд Паоло Вергано.
Ҳадафи низоми умумиҷаҳонии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо иборат аз дастгирии содироти амволи кишварҳои иқтисодиёташон тараққиёбанда ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва мусоидат ба ҳамгироии бозори ҷаҳон аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






