Мулоқоти У.Давлатзод бо П.Майлер
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — 1 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ва Сафири Австралия дар Федератсияи Русия Пол Майлер баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати Рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Пол Майлер аз шароити мусоиди инвеститсионӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуд, ки ҷониби Австралия тайёр аст, ки лоиҳаҳои инвеститсионии ширкатҳои калонтарини Австралияро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар амри рушди саноати истихроҷи маъдан, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бештар дар амал татбиқ намояд.
Ҷониби Австралия ҳамчунин зикр намуд, ки ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои сохторҳои маҳаллӣ ва энергетика рушду густариш ёфтааст. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили дигар низ табодули афкор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






