Мулоқоти вакилони МН бо интихобкунандагон
Хоруғ, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшоҳ Фелалиев, Назрулло Ҷонов ва Сайидумари Ҳусайнӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони навоҳии Ванҷу Рӯшон дидору гуфтугӯ намуданд.
Ин мулоқот аз деҳаҳои Мотравн, Будун ва Андарбаки ҷамоати деҳоти Язгулом оғоз шуд. Вакилони мардумӣ оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минбаъдаи кишвар, бахусус водии Язгулом андеша баён намуда, изҳор доштанд, ки яке аз самтҳои асосии Паёми Сарвари Давлат ин боз ҳам боло бурдани сатҳи зиндагии сокинони кишвар мебошад. Президенти кишвар дар Паёми имсола ба зиндагӣ ва фаъолияти маскунони манотиқи кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба хотири рушди деҳот дастур дод, ки Бунёди махсус таъсис дода шавад ва маблағи бунёди мазкур барои инкишофи соҳибкорӣ ва саноати хурд дар деҳот равона гардад.
Акрамшоҳ Фелалиев гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди водии Язгулом» таҳия гардида, дар амал тадбиқ хоҳад шуд. Мутобиқи ин барнома дар муддати кутоҳтарин дар ин водӣ сохтмони шаш адад неругоҳи хурди обии барқӣ дар назар дошта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар айни замон сохтмони як неругоҳи барқи обӣ, ки неруяш аз 600 киловатт зиёдтар мебошад, бо маблағгузории давлати Кореяи Ҷанубӣ дар ҷараён аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






