Муносибати ҳокимияти сиёсӣ ба дин дар таҷрибаи давлатҳои миллӣ
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодиҳои эътиқодӣ ва ҳамзистии осоиштаи адён» баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.
Дар конфронс раиси Кумита Абдураҳим Холиқзода, мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашоҳ Вализода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, директори Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Музаффар Ҷорубов роҷеъ ба масоили ҳамзистии осоиштаи адён, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, истифодаи дуруст аз ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, ҳифзи суботу осоиштагӣ, таҳаммулгароӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд.
Дар раванди конфронс судяи суди конститутсионӣ, номзади илмҳои сиёсӣ К.М. Каримов дар мавзӯи «Конститутсия, дин ва озодии виҷдон», сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи «Мафҳуми дунявӣ ва меъёрҳои озодии ақида дар Конститутсияи ҶТ: масъалаҳои ташаккул, таҳаввул ва татбиқ», котиби илмии Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзӯи «Муносибати ҳокимияти сиёсӣ ба дин дар таҷрибаи давлатҳои миллӣ», раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавзӯи «Гуфтугӯи тамаддунҳо аз нигоҳи Қуръон ва суннат», роҳбари калисои русӣ-православӣ Творогов Константин Викторович дар мавзӯи «Нақши иттиҳодияҳои динӣ дар таҳкими сулҳу осоиштагии кишвар» маърӯза намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






