Мусобиқаи кушоди байналмилалии вазнбардорӣ дар Хуҷанд

Май 28, 2014 09:30

Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди байналмилалии вазнбардорӣ барои мукофоти раиси шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид. Дар мусобиқа 75 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон (7 даста), Федератсияи Русия (1 даста), Ҷумҳурии Қазоқистон (1 даста), Ҷумҳурии Қирғизистон (3 даста) ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1 даста) иштирок намуд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 8 вазн байни мардон ва аз рӯи 6 вазн байни бонувон ҷараён гирифт. Бояд гуфт, ки дар мусобиқа 7 варзишгари тоҷик ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Май 28, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад