Мусодираи 5 кг ҳашиш

Май 29, 2014 14:24

Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода). —  28  май  кормандони  милиса дар  ҷараёни  амалиёти  махсус  дар  ҳудуди ноҳияи  Ҳамадонӣ   сокини 28 — солаи  ноҳияи  Фархор  Ҷамолиддин  Вадудовро  дастгир  намуданд.
Назар  ба  хабари  намояндаи  ВКД ҶТ,  ҳангоми  тафтиш  аз  як  бастаи  шахси  дастгиршуда  5  килограмм  ҳашиш  пайдо  ва  мусодира  гардид.
Аз  рӯи  ин  қазия  парвандаи  ҷиноӣ  кушода, тафтишот  идома дорад.

Май 29, 2014 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш