Мусодираи беш аз 25 кг маводи нашъадор дар Истаравшан
Душанбе, 2.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Истравшан бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванд Зафар Ҳошимов, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Конибодомро дастгир намуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 28 адад бастаи селофанпеч бо маводи ҷигарранги бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид. Муайян шуд, ки бастаҳои мазкур аз маводи нашъадори навъи ҳашиш иборат буда, вазни умумиашон 24 кг 862 граммро ташкил дод. «Ҳамчунин аз дастгиршуда 651 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд. Дар маҷмӯъ, маводи нашъадори мусодирашуда 25 кг 513 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», — зикр менамояд сарчашма.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






