Мусодираи беш аз 7 кг маводи мухаддир

Май 26, 2014 10:13

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). – Чанде пеш дар ҷараёни амалиёти махсус сокини шаҳри Хуҷанд Анвар Аминов, ки қаблан доғи судӣ дошт, бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд. Тавре ки аз ВКД ҶТ хабар доданд, ҳангоми тафтиш аз бастаи мавсуф 958 грамм тарёк, 4 килограмму 961 грамм ҳашиш ва 623 грамм героин ёфт шуд.Ҳамчунин дар ҷараёни боз як амалиёти фаврӣ дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Вахш Ҷумъахон Маҷидов дастгир шуда, аз ӯ 700 грамм тарёк мусодира гардид. Вазни умумии маводи мусодирашудаи мухаддир 7 килограмму 242 граммро ташкил дод.Аз рӯи ҳар ду қазия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Май 26, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш