Мусодираи чор кило ҳашиш дар Суғд

Май 2, 2014 09:24

 Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 29 апрел кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 36-солаи ноҳияи Мастчоҳ   боздошт   шуд.  Дар вақти кофтуков аз ӯ халтаи полиэтиленӣ мусодира гардид, ки дар дохили он   қариб чор килограмм маводи ҳашиш мавҷуд буд.
 Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.
 

Май 2, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш