Нақши ҷавонон ҳамчун пойдевори ҷомеа ва ҳуқуқи инсон аст
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «20 соли амали Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши ҷавонон ҳамчун пойдевори ҷомеа ва ҳуқуқи инсон дар он» баргузор гардид.
Дар конфронс вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз намуд, ки: «Ҳамоиши илмию назариявии имрӯза тақвиятбахши силсилачорабиниҳо бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Сардори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович оид ба кафолатҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Сарқонуни кишвар ибрози андеша намуд. Курсанти Академия Мирзоматов Фирӯз Хушқадамович дар мавзӯи «Қонун бақои миллат» оид ба мафҳум, аҳамият ва моҳияти Конститутсия маълумот дод.
Сипас, меҳмони конфронс аз Федератсияи Русия Аврутин Юрий Ефремович — ходими хизматнишондода ва ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Русия, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии ташаккул ва вазифаҳои политсияи Федератсияи Русия» фикру андешаҳои ҷолиб ҷиҳати истифода бурдани таҷрибаи Федератсияи Русия дар самти ислоҳоти милитсия пешниҳод намуд.
Мавсуф ҳамчунин аз арзиши олӣ маҳсуб ёфтани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешравию тараққиёт ва сулҳу субот дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






