Нақши ҷавонон ҳамчун пойдевори ҷомеа ва ҳуқуқи инсон аст

Май 21, 2014 16:33

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «20 соли амали Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши ҷавонон ҳамчун пойдевори ҷомеа ва ҳуқуқи инсон дар он» баргузор гардид.
Дар конфронс вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро  иброз намуд, ки: «Ҳамоиши илмию назариявии имрӯза тақвиятбахши силсилачорабиниҳо  бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Сардори Академия,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович оид ба кафолатҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Сарқонуни кишвар ибрози андеша намуд.  Курсанти Академия   Мирзоматов Фирӯз Хушқадамович дар мавзӯи «Қонун бақои миллат» оид ба мафҳум, аҳамият ва моҳияти Конститутсия маълумот дод.
Сипас, меҳмони конфронс аз Федератсияи Русия Аврутин Юрий Ефремович — ходими хизматнишондода ва ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Русия, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии ташаккул ва вазифаҳои политсияи Федератсияи Русия» фикру андешаҳои ҷолиб ҷиҳати истифода бурдани таҷрибаи Федератсияи Русия дар самти ислоҳоти милитсия пешниҳод намуд.
Мавсуф ҳамчунин аз арзиши олӣ маҳсуб ёфтани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешравию тараққиёт ва сулҳу субот дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард.

Май 21, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!