“Нақши ҷавонон дар рушди истиқлолияти Тоҷикистон”- конфронс
Душанбе, 20.02.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирўз дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» доир гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар кори конфронс муовини раиси кумита Мавсума Муинова, вакили маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Хонов ва масъулини сохторҳои марбута ва ҷавонон иштирок намуданд.
Дар конфронс масъалаи нақши насли ҷавон дар тақвияти истиқлолияти комили милливу давлатӣ, густариш ва таҳкими сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ, шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, донишу малака ва ахлоқу фарҳанги насли наврас ва мусоидат баҳри иштироки фаъоли онҳо дар идораи давлат ва ҷомеа мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ ҷавонони фаъоли ноҳияҳо бо сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва туҳфаҳои мақомот қадрдонӣ гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






