Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар бораи “Роғун”
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар ҶА як силсила масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва ин ниҳоди муътабари байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сароҷ Кумар ҶА пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳорот дод:
“Мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд ва дӯстона доштем. Дар ҷараёни мулоқот мо масоили ҳамкории миёни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла рушди бахши хусусӣ, энергетика ва кишоварзиро мавриди муҳокима қарор додем. Мо роҷеъ ба пешравиҳои кор дар самти баҳодиҳии техникии лоиҳаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” гуфтугӯ намудем. Мо бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон омӯзишҳоеро, ки то имрӯз дар самти тадқиқоти лоиҳаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” таҳия гардидааст, мавриди муҳокима ва таҳлил қарор додем. То нимаи моҳи июн ҳисоботҳо доир ба масоили иқтисодӣ ва экологии “Роғун” пешниҳод хоҳанд гашт. Дар моҳи июл бошад, дар назар аст, ки мулоқоти якҷояи намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому баргузор гардад ва дар ҷараёни он ҳисоботҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ таҳияшуда мавриди муҳокима қарор дода шавад. Дар ин самт мо мехоҳем андешаи ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои соҳили Омуро бишнавем. Пас аз ин мулоқот хулосаҳои ниҳоии Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун”дар моҳи август ироа хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






