Насби 650 камераи мушоҳидавӣ дар кӯчаҳои Хуҷанд
Хуҷанд, 2.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар кӯчаҳои маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд 650 камераи мушоҳидавӣ насб мешавад. Тавре ки аз мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимияти шаҳр иттилоъ доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Департаменти ширкати НUAWEI дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хенк Шю мулоқот намуд.
Ба гуфти манбаъ, ширкати мазкур дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии ҶТ лоиҳаи беҳтар намудани вазъи ҳаракати роҳро амалӣ менамояд.
Алҳол дар марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе дар тамоми кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт барои зери назорат гирифтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои назорати суръати нақлиёт насб шудаанд. Мувофиқ ба амалишавии ин лоиҳа марҳилаи дувуми он бояд, ки дар Хуҷанд роҳандозӣ шавад.
Дар ин замина дар доираи лоиҳаи мазкур ширкати НUAWEI тасмим гирифтааст, дар кӯчаҳои маркази вилояти Суғд- Хуҷанд 650 камераи мушоҳидавӣ, 35 чароғаки раҳнамо ва 40 дастгоҳи назорати суръат насб намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






