Нашри китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони фаронсавӣ
Душанбе, 3.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони фаронсавӣ ба нашр расид.Бо забони фаронсавӣ тарҷума ва нашр гардидани ин китоб имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро барои мардуми Фаронса ва фаронсавизабонони дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон бештар менамояд.Китоби мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ “Big Media Group” (ш.Брюссел) бори аввал ба забони фаронсавӣ нашр карда шуда, аз ҳарду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.Хотиррасон бояд намуд, ки то ҳол ин китоб бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва бо алифбои форсӣ дастраси хонандагон гардидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






