Наваскарон ронанда хоҳанд шуд

Май 23, 2014 10:58

Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар  қисми низомии 10040-и Вазорати мудофиа маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, дар ин воҳиди низомӣ меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар гирд омада, дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок намуданд. 
Пас аз қабули савганди ҳарбӣ наваскарон, ки минбаъд ҳамчун сарбози комилҳуқуқ маҳсуб меёбанд, ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳои рӯзмараи хизматии худ оғоз намуданд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ҷавонаскарони ротаи дуюми қисми низомии 10040-и Вазорати мудофиа, ки нахуст таълимгирандагони курси ронадагӣ дар соли ҷорӣ мебошанд, дар ин рӯз ба раванди таълим ва омӯзиши техникаҳои мошинӣ шурӯъ карданд. Ба гуфтаи масъулини қисми ҳарбӣ ҳамасола сарбозоне, ки шомили ин қисми низомӣ мегарданд, дар баробари дигар вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ ба гирифтани касбу ҳунар ҷалб мешаванд. Дар давоми ду соли хизмати ҳарбӣ эшон на танҳо ба ватан хизмат мекунанд, балки ихтисос ва шаҳодатномаи ронандагӣ низ мегиранд.  Баъд аз адои хизмат онҳо имкон доранд аз рӯи ихтисоси ронандагӣ кор кунанд. 

Май 23, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст