Наваскарон ронанда хоҳанд шуд
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар қисми низомии 10040-и Вазорати мудофиа маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, дар ин воҳиди низомӣ меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар гирд омада, дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок намуданд.
Пас аз қабули савганди ҳарбӣ наваскарон, ки минбаъд ҳамчун сарбози комилҳуқуқ маҳсуб меёбанд, ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳои рӯзмараи хизматии худ оғоз намуданд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ҷавонаскарони ротаи дуюми қисми низомии 10040-и Вазорати мудофиа, ки нахуст таълимгирандагони курси ронадагӣ дар соли ҷорӣ мебошанд, дар ин рӯз ба раванди таълим ва омӯзиши техникаҳои мошинӣ шурӯъ карданд. Ба гуфтаи масъулини қисми ҳарбӣ ҳамасола сарбозоне, ки шомили ин қисми низомӣ мегарданд, дар баробари дигар вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ ба гирифтани касбу ҳунар ҷалб мешаванд. Дар давоми ду соли хизмати ҳарбӣ эшон на танҳо ба ватан хизмат мекунанд, балки ихтисос ва шаҳодатномаи ронандагӣ низ мегиранд. Баъд аз адои хизмат онҳо имкон доранд аз рӯи ихтисоси ронандагӣ кор кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






