Навсозии чароғаку фурӯзонакҳо дар Кӯлоб
Кӯлоб, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Муассисаи давлатии фаръии таъмиру истифодаи шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб дар чор моҳи соли ҷорӣ дар хиёбону гулгаштҳо таъмиру навсозии чароғаку фурӯзонакҳои ороиширо ба роҳ монд. Ба қавли директори муассисаи мазкур Ҳамрохон Ҳамдамов бахшида ба 700- солагии мутафаккири барҷаста Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар хиёбони Исмоли Сомонӣ таъмиру навсозии симчӯбҳои барқӣ ва иваз намудани фурӯзонакҳои рангаро роҳандозӣ намуданд, ки ба ин васила метавон дар ободу зебо гардонидани шомгоҳони шаҳр ва гаштугузори шаҳрвандон мусоидати фаъол намуд. Мувофиқи иттилои масъулини корхона дар назар аст, ки рӯзҳои наздик чунин корҳоро дар дигар маҳаллаву кӯчаҳо роҳандозӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






