Нисбат ба мансабдорони давлатӣ ҳам санҷиши махсус мегузаронанд, агар…

Май 30, 2014 15:15

 Душанбе, 30.05.2014.(АМИТ»Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Тоҷикистон  минбаъд агар хизматчии давлатӣ зимни пур кардани эъломияҳои расмӣ дар бораи  даромад ва вазъи молу мулкиаш маълумоти бардурӯғ манзур созад, нисбат ба ӯ аз ҷониби мақомоти  дахлдори давлатӣ санҷиши махсус гузаронида мешавад. Дар иртибот 30 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуда, ҳамзамон моддаи нав,  моддаи 17 -ро илова намуданд, ки он санҷиши махсусро  дар бахши хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ пешбинӣ  менамояд.
       Грез Қосимов -муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тарҳи қонунро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ медод, гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо мақсади ташаккули низоми хизмати давлатӣ дар кишвар,  татбиқи талаботи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва аз байн бардоштани  баъзе  номуайяниҳое, ки дар санадҳои  меъёрию ҳуқуқии низоми хизмати давлатӣ  ҷой доранд, таҳия шудааст. 
        Дар маҷмӯъ, ба даҳ моддаи лоиҳаи қонуни мазкур тағийру иловаҳо ворид гардидааст. Грез Қосимов афзуд, ки сабаби аз сархати 6-уми моддаи 1 -и лоиҳаи қонун хориҷ  намудани калимаҳои хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ он аст, ки ба хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан аз рӯи низоми хизматии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва хизмати  давлатии ҳарбӣ дохил мешаванд.
        Моддаи 7 -и лоиҳаи қонун дар шакли нав таҳия гардида, кодексҳои одоби соҳавии  мақомоти давлатиро пешгӯӣ  менамояд, ки  ҳадафи он таҳкими интизоми  хизматӣ ва пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ аст. Иловаи пешниҳодшуда ба моддаи 11-и лоиҳаи қонуни мазкур талаботи тахассусиро нисбат ба нозирони  мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот муқаррар намудааст.  
       Ҳамчунин ба қисми 1-и моддаи  32 -и лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ҳадафаш  баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни  давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар робита ба татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ нисбат ба нафароне, ки талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  кодекси соҳавиро риоя намекунанд, маҳсуб меёбад.  
           Шакарбек Самадов -узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ  зимни муаррифии ин тарҳи қонун бори дигар таъкид кард, ки  ҳадафи ворид намудани тағийру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур мубориза алайҳи коррупсия дар бахши хизмати давлатист.

Май 30, 2014 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!