Низоми кредитӣ ва мушкилоти он

Май 31, 2014 10:54

Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфронси илмӣ -амалӣ дар мавзӯи «Низоми кредитии таҳсилот, мушкилот, таҷриба ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, ки гузоришоту маърӯзаҳои устодони донишгоҳу намояндагони дигар макотиби олии кишварро фарогир шуд. 
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ректори донишгоҳ  Абдуҷаббор Раҳмонов изҳори назар кард, ки ин низом, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷорӣ шудааст, аз устод дониши саҳеҳу малакаи касбӣ ва аз донишҷӯ худомӯзиро тақозо мекунад. Ӯ ба иштирокдорони конфронс барор хоста, таманно кард, ки дар ҳамбастагӣ роҳҳои ҳалли мушкилот ва бурди соҳаро пайгирӣ хоҳанд намуд. 
Устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ  Алишер Ҷӯраев гуфт, ки низоми кредитии таҳсилот дар донишомӯзии донишҷӯён нақши калон мебозад. Донишҷӯ тахминан 70 фоиз худаш бояд мустақилона кор кунад. Вазифаи муаллим роҳ нишон додан, мавод додан ва ҳавасманд кардани ҳамон донишҷӯст. Ин низом дар чандин давлат мавриди амал қарор дорад. Ба изҳори мавсуф, яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт он аст, ки донишҷӯёни мо дар даст маводи асосиро надоранд. Бояд заминаи моддӣ-техникиро мустаҳкам гардонем, агар ба донишҷӯ маводи асосиро бидиҳем, ӯ худ мустақилона меомӯзад.
Дар конфронс иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Масоили ҳалталаби низоми кредитӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Татбиқи низоми кредитӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», «Такомули таъминоти иттилоотии раванди таълим дар низоми таҳсилоти кредитӣ» маърӯза намуданд.
 
 

Май 31, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст