«Нурафшон»-дастаи футболи духтарони донишгоҳ

Май 15, 2014 16:36

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дастаи яккачини футболи духтаронаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров «Нурафшон» дар сабқати байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва махсуси вилоят фаъолона иштирок намуда,  ба гурӯҳи 8 дастаи беҳтарини ин мусобиқот шомил шуда, дар  давоми 10 рӯз бо ин дастаҳо қувваозмоӣ хоҳад намуд.
Тавре ки ҷонишини мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати  донишгоҳ  Эҳсон Наврӯзов  иттилоъ дод, дирӯз бозии навбатии ин даста бо духтарони футболбози коллеҷи омӯзгорӣ сурат гирифта, онҳо бо ҳисоби 2:00 ғолиб баромаданд. Ин мусобиқа дар радифи қарори раиси вилояти Суғд сурат мегирад ва ҷамъбасти он дар рӯзи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ки  дастаи яккачини футболи духтаронаи донишгоҳ «Нурафшон»  бо теъдоди 19 нафар аз ҳисоби донишҷӯдухтарони факултаҳо бо иқдоми  роҳбарияти донишгоҳ созмон дода шуда, минбаъд дар дигар мусобиқоти шаҳриву вилоятӣ фаъолона ширкат меварзад.  
 
 

Май 15, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад