«Нурафшон»-дастаи футболи духтарони донишгоҳ
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дастаи яккачини футболи духтаронаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров «Нурафшон» дар сабқати байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва махсуси вилоят фаъолона иштирок намуда, ба гурӯҳи 8 дастаи беҳтарини ин мусобиқот шомил шуда, дар давоми 10 рӯз бо ин дастаҳо қувваозмоӣ хоҳад намуд.
Тавре ки ҷонишини мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов иттилоъ дод, дирӯз бозии навбатии ин даста бо духтарони футболбози коллеҷи омӯзгорӣ сурат гирифта, онҳо бо ҳисоби 2:00 ғолиб баромаданд. Ин мусобиқа дар радифи қарори раиси вилояти Суғд сурат мегирад ва ҷамъбасти он дар рӯзи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ки дастаи яккачини футболи духтаронаи донишгоҳ «Нурафшон» бо теъдоди 19 нафар аз ҳисоби донишҷӯдухтарони факултаҳо бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ созмон дода шуда, минбаъд дар дигар мусобиқоти шаҳриву вилоятӣ фаъолона ширкат меварзад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






