Ню Дун: «Мо бояд дӯстони ҳақиқӣ бошем»

Май 14, 2014 14:59

Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 2-юми ҳамкориҳои Тоҷикистон Чин дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар Ню Дун иштирок намуд. Қосими Роҳбар- вазири кишоварзии ҶТ ҳайати чиниро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалиятҳои волои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо Чин дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ солҳои тулонӣ ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкориҳо сол то сол вусъат меёбанд. Ӯ ҳамчунин ба ҷониби Чин барои ворид намудани техникаи муосири чинӣ ба Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки дар айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургу хурд дар рушди хоҷагии кишоварзӣ амалӣ гашта истодаанд ва аз самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.Ню Дун дар навбати худ изҳор намуд, ки: «Мо бояд дӯстони ҳақиқӣ бошем ва ҳамаи лоиҳаҳои муштаракамонро амалӣ намоем. Мо на танҳо ба миқдор, балки ба сифати иҷрои ин лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ медиҳем. Мо ният дорем, ки шумораи корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чинро дар тамоми қаламрави ин кишвар зиёд намоем». Ню Дун ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумори кишоварзӣ таъкид намуда, изҳори умед кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ барои фаъолияти корхонаҳои чинӣ шароити муносиб фароҳам меорад. Аз рушди ҳамкории кишоварзӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи растанипарварӣ, таъсиси гармхонаҳои муосир ва доимиро барои парвариши сабзавот дар ҳамаи фаслҳои сол, коркарди тухмиҳои ҳосилнокиашон баланд ва ба хушкӣ тобовар, ворид намудани техника ва таҷҳизоти муосирро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни ҷаласа ҳамчунин протоколи комиссияи ҷаласаи 2-юми ҳамкориҳои Тоҷикистон Чин оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расонида шуд. Ҳайати чинӣ имрӯз аз Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад», ширкати чинии Ди Фун ва дастовардҳои кишоварзии шаҳри Ваҳдат боздид ба амал меорад.

Май 14, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад