Оғози амалиёти «Кӯкнор» дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти «Кӯкнор-2014» баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2014», инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардиданд. Нақшаи гузаронидани чорабинӣ тасдиқ гардид, ки ба он самтҳои асосӣ, аз ҷумла ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя оид ба пешгирии самтҳои интиқол, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор, ҷамъбасти иттилоот дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари пайдоиши растанидошта, муайян намудани мавзеъҳои гузаронидани амалиёт, таъмини назорат аз болои иҷрои амрномаҳо, ошкор ва нобуд сохтани киштҳои бангдонаҳои худрӯй, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дохил мешаванд.
Дар кори ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.
Дар доираи амалиёти «Кӯкнор» гузаронидани амалиёти байналмилалии «Канал» дар назар аст. Барои гузаронидан, назорат кардан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардиданд.
Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави ҷумҳурӣ аз имрӯз, 20 май оғоз гардида, 30 ноябр анҷом меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






