Оғози Рӯзҳои фарҳанги маънавии ФР дар ҶТ
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 26 май, Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтанд, ки мақсад аз он рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Федератсияи Русия аст.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Федератсияи Русия иборат аз ходимони фарҳангу санъати ин кишвар аст.
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати Русия бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҶТ баргузор гардид. Худи ҳамин рӯз гурӯҳи эҷодӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский машқ карда, сипас аз боғи «Ирам» боздид менамояд.
Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии намоишгоҳи суратҳо таҳти унвони «Симоҳои Русия» баргузор мешавад.
27 май дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский намоишномаи «Беша» аз рӯи асари Александр Островский рӯи саҳна оварда мешавад. Сипас дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ҳамоиши эҷодкорон доир мегардад.
28 май иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги маънавӣ аз НБО Норак дидор намуда, дар Қасри фарҳанги ин шаҳр композитсияи мусиқию адабиро аз рӯи ашъору сурудҳои солҳои ҷанг манзури ҳаводорони санъат мекунанд.
Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳангии маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати Русия Ҳунарпешаи мардумии Русия Юрий Лаптев, Ҳунарпешаи шоистаи Русия Алексей Кошванетс, ҷоизони озмунҳои байналмилалӣ Наталя Дмитриевская ва Вадим Руденко, дирижёр Сергей Кондрашов ва ғайра шомиланд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






