Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин

Май 14, 2014 10:07

 
Душанбе, 14.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-  Бо ташаббуси  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин  ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 11 майи соли 2014 дар  толори калони намоишгоҳи  «Ҳазораи Чин» маросими кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор гардид. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков зимни ифтитоҳи он сухан гуфт.
Тавре ки аз Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  хабар доданд, баъдан намоиши рассомони тоҷик  ба маърази тамошои мардуми Чин, намояндагони  сафоратхонаҳо ва намояндагони муқими Чин гузошта шуд. Бегоҳи ҳамон рӯз консерти калони ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо барномаи рангин намоиш дода шуд.
       Бояд зикр кард, ки меҳмонон ва сокинони Чин аз намоиши расмҳо таассуроти калон бардошта, пас аз тамошои консерти калони ҳунармандони тоҷик кафкӯбиҳои бардавом заданд. Интизор меравад, ки дигар барномаҳои рангине, ки то 17 майи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт, бо хушнудӣ аз ҷониби мардуми Чин пазируфта шаванд.

 

 

Май 14, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст