Оқибати риоя накардани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Сабабҳои сар задани сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон-ин пеш аз ҳама нодуруст истифода бурдани ноқилҳои барқӣ, беназорат мондани дастгоҳҳои барқию газӣ, оташбозии кӯдакон, риоя накардани бехатарии техникӣ ва дигар омилҳо мебошанд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дирӯз дар хонаи истиқоматии шаҳрванди 58-солаи шаҳри Кӯлоб Аваз Табаров дар масоҳати 15 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки зарари расида 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар хонаи истиқоматии шаҳрванди 36-солаи шаҳри Душанбе Илҳомҷон Наврӯзов дар масоҳати 52 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки зарари расида 2500 сомониро ташкил дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






