Офаридаҳои Александр Оқилов манзури сокинони Маскав мешаванд

Май 2, 2014 11:59

Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои  Азамат). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Маскав  асарҳои  рассоми  рус Борис Неменский ва  шогирони  ӯ  ба  маърази  намоиш  гузошта  шуданд. Яке  аз  шогирони  мавсуф – ҳамдиёри  мо Александр  Оқилов  низ офаридаҳои  худро  манзури  сокинони  шаҳри  Маскав  менамояд.
Дар  ин  бора намояндаи  расмии Сафорати ҶТ  дар  ФР Муҳаммад  Эгамзод  ба  АМИТ «Ховар» хабар  дод.
Назар  ба  хабари  манбаъ, намоишгоҳи «Идомаи  муколама: Борис  Неменский  ва дӯстону  шогирони ӯ» дар  толорҳои Академияи санъати тасвирӣ Русия  ифтитоҳ  гардида,  дар  он, қариб  200  офаридаҳои  рассом манзури ҳаводорони  санъати зебо  карда  мешаванд.
Муҳаммад  Эгамзод  зикр  намуд, ки рассоми  маъруф,  омӯзгор, Рассоми  мардумии  Федератсияи  Русия,  узви  пайвастаи Академияи санъати тасвирӣ Русия Б.М.Неменский якҷоя  бо  иштирокдорони  дигари  намоишгоҳ ҳаводорони  санъати тасвириро ба  тамошои  асарҳое  даъват  менамояд, ки  аз  ҳаёти  имрӯзаи  мардуми Русия  ва  фарҳанги он  қисса  мекунанд. 

Май 2, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад