Офаридаҳои Александр Оқилов манзури сокинони Маскав мешаванд
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). – Чанде пеш дар шаҳри Маскав асарҳои рассоми рус Борис Неменский ва шогирони ӯ ба маърази намоиш гузошта шуданд. Яке аз шогирони мавсуф – ҳамдиёри мо Александр Оқилов низ офаридаҳои худро манзури сокинони шаҳри Маскав менамояд.
Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Назар ба хабари манбаъ, намоишгоҳи «Идомаи муколама: Борис Неменский ва дӯстону шогирони ӯ» дар толорҳои Академияи санъати тасвирӣ Русия ифтитоҳ гардида, дар он, қариб 200 офаридаҳои рассом манзури ҳаводорони санъати зебо карда мешаванд.
Муҳаммад Эгамзод зикр намуд, ки рассоми маъруф, омӯзгор, Рассоми мардумии Федератсияи Русия, узви пайвастаи Академияи санъати тасвирӣ Русия Б.М.Неменский якҷоя бо иштирокдорони дигари намоишгоҳ ҳаводорони санъати тасвириро ба тамошои асарҳое даъват менамояд, ки аз ҳаёти имрӯзаи мардуми Русия ва фарҳанги он қисса мекунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






