Парлумон лоиҳаи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳоро баррасӣ кард
Душанбе, 28.05.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» 28 май дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки дар ҳузури раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд. Аз Парлумони мамлакат ба АМИТ „Ховар“ иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» матраҳ гардида, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






