«Паёми саодатофарин»-асари тозанашр

Май 20, 2014 14:47

 
Душанбе, 20.05.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Паёми саодатофарин»-чунин унвон дорад маҷмӯаи мақолоти устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Парлумони кишвар, ки ба тозагӣ аз тариқи нашриёти «Меъроҷ»-и маркази вилоят аз чоп баромад. 
Дар китоби мазкур мақолаҳои устодон А. Бобокалонов «Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ-барномаи ҳадафҳои сиёсии хориҷии Тоҷикистон», Н. Дадобоева «Паёми фардосоз ва дурнамои пешрафтҳои навини кишвар», Нуралӣ Нурзод «Номаи саодатрақами миллат»,    М.Оқилова «Паём падидаи нек дар низоми навини давлатдории Тоҷикистон», Х.Сабуров «Ҳадафҳои маорифпарваронаи Паём», Ӯ.Умаралиева «Паём-ҳидоятгари зиндагии шоиста», Р. Усанов «Паёми Президент дастурамал барои тараққиёт», М. Юсуфов «Паёми раҳнамо ва дурнамо»  ҷой дода шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки  чанде қабл дар силсилаи китобҳои «Раҳнамои тарбият» китобе бо номи «Қонуни забон ва иҷрои он» ба нашр расида, ба устодону донишҷӯён ва тамоми алоқамандон дастрас гардид.

 

Май 20, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд