Пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз «Тоҷиксодиротбонк»
Шӯрообод, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои директори филиали «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод Қиматшо Содиқов бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, саноатӣ, соҳибкорӣ, занбӯри асалпарварӣ масъулини филиали мазкур қарзҳои имтиёзнокро ба аҳолӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигар табақаҳои ҷамъиятӣ дар муддати кутоҳтарин пешниҳод мекунанд. Ҳоло беш аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ ва инфиродӣ бо бонк ҳамкории зич дорад, ки ба онҳо сари вақт хизмат расонида мешавад. Ҷалби мизоҷон ба бонк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду баробар афзудааст.Инчунин аз ҷониби филиал маркази хизматрасонии бонкӣ дар ҷамоатҳои Ёл, Саричашма ва Лангардара таъсис дода шудааст. Бо мақсади бо ҷои кор таъмин кардани занон масъулини филиал озмун эълон намуда, занҳоеро, ки маълумоти олии иқтисодӣ доранд, бо ҷои кори доимӣ таъмин мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






