Пирӯзии «Вахш», «Регар» ва «Далерон» дар даври шашуми лигаи олӣ

Май 26, 2014 16:08

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Се бозии даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон  24 май  дар  минтақаҳои  шаҳри Душанбе баргузор шуд. 
   Дастаи футболи «Энергетик” Душанбе аз дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа  бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Далер Шарифов дар дақиқаи 59-ум аз ҷаримаи  ёздаҳметра  ба самар  расонд.
  Бояд  зикр  кард, ки дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  дар майдони худ бар  дастаи “Хайр”-и Ваҳдат рақобат  кард ва  бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. 
  Ногуфта  намонад, ки дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и  Истаравшан дар майдони худ бар дастаи  «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров вориди  сабқат шуд ва  бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. 

Май 26, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш